Боздиди президент аз қароргоҳи воҳиди махсуси «Алфа»-и КДАМ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба муносибати 20-солагии таъсиси он ташриф оварда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент бо рафти дарсу машғулиятҳои назарявӣ ва амалии ҳайати шахсӣ, ки асосан ба омодагии […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ба муносибати 20-солагии таъсиси он ташриф оварда, бо шароити нави муҳайёгардида ва омодагии касбии ҳайати шахсӣ бевосита шинос шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президент бо рафти дарсу машғулиятҳои назарявӣ ва амалии ҳайати шахсӣ, ки асосан ба омодагии зиддитеррористӣ нигаронда шудааст, бевосита шинос шуда, барои баланд бардоштани савияи маҳорату малакаи касбӣ ва обутоби ҷисмонию руҳии онҳо ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Тавре аён гардид, ҳайати шахсии воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар амалиётҳои озод намудани гаравгонон бо роҳи ҳуҷуми ногаҳонии ғофилгир, бо усули кӯҳнавардӣ ворид шудан ба ошёнаҳои болоии биноҳои бисёрқабата, истифода аз техникаю таҷҳизот ва яроқу аслиҳаи гуногуни ҷангӣ малакаи баланди касбӣ доранд.

Маҳорати баланди онҳо, ҳамчунин дар муҳорибаҳои тан ба тан бо усули якҳарбаҳои шарқӣ ва намудҳои гуногуни гӯштини муҳорибавӣ намоиш дода шуд.

Воҳиди махсуси Алфа ҳамчунин дорои шуъбачаи омодасозии сагҳои хизматӣ аст, зеро ин дӯстони вафодори инсон дар гузарондани амалиётҳои зиддитеррористӣ ёварони басо моҳир ва беминнатанд.

Намудҳои зиёди техникаи махсуси ҳарбӣ ва яроқу аслиҳаи гуногунтаъинот, ки воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ихтиёр дорад, ба он имкон медиҳад, ки дар ҳама гуна шароити шабу рӯз ва боду ҳавои мухталифи 4 фасли сол фаъолияти босамар дошта бошад.

Барои будубоши бофароғати доимӣ барои ҳайати шахсии воҳиди махсуси зиддитеррористии Алфа хобгоҳҳои барҳаво, ошхонаи муосиру муҷаҳҳаз, бунгоҳи тиббии дорои шароити зарурӣ бунёд ёфта, бо ҳамаи талаботи замонавӣ мутобиқ карда шудаанд. Ҳамчунин онҳо дорои хобгоҳҳо, ошпазхона ва бунгоҳҳои тиббии сайёр мебошанд, то ки ҳангоми амалиётҳои дур аз қароргоҳи худ бо ҳамаи шароити зарурӣ таъмин бошанд.

Сарвари давлат дар назди ҳайати шахсии беш аз якунимҳазорнафари ин воҳиди махсус суханронӣ намуда, онҳоро пеш аз ҳама бо солгарди 20-ум аз таъсисёбии он табрику таҳният гуфт.

Президенти кишвар аз солҳои аввали таъсис ва ташаккулёбии ин ва дигар воҳидҳои низомӣ ва фаъолияти онҳо дар шароити муноқишаҳои шадиди дохилӣ ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар муқоиса ба он даврони носозгорӣ дорои артиш ва нерӯҳои махсуси аз ҳар ҷиҳат таъмину муҷаҳҳаз, пуриқтидор ва обутобёфта мебошад, ки ҳайати шахсии онҳо бо ҳисси баланди ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдории миллии худ барои ҳифзи музаффариятҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз ва таъмини ҳаёти орому осоиштаи мардуми шарифи кишвар ҳамеша омодагии қавӣ доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.