Ташкилоти ғизо ва кишвоарзии СММ (ФАО) моҳи июл коҳиши навбатии Индекси нархҳо ба маҳсулоти ғизойиро ба қайд гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ФАО, коҳиши нарх аз ҳисоби поинравии нархи гандум ва зироат, ки муддати 4 моҳ пайдарҳам идома дорад ва асосан бинобар сабаби коҳиши босуръати нархҳои ҷаҳонӣ ба ҷуворимакка ва баъзе навъҳои тухмиҳои равғанӣ ба иллати захираи кофии ин маҳслуоти ашёи хом ба вуҷуд омадааст.
Гуфта мешавад, индекси глобалии нархҳо ба маҳсулоти ғизойӣ тайи моҳи ахир ба андозаи 2% поин рафтааст.
Дар ҳамин ҳол, муддати панҷ моҳ пайдарҳам болоравии нархи гӯшт идома дошта, нархи шакар устувор боқӣ мондааст. Дар натиҷаи коҳиши нархҳо ба зироати ғаллдаона, тухимҳои равғанӣ ва маҳслуоти ширӣ, Индекси нархҳо ба маҳсулоти ғизойии ФАО то нишондиҳандаҳои ҳадди ақал аз моҳи январи соли 2014 поин рафтааст.







