Ду садамаи нақлиёти марговар дар вилояти Суғд

Бар асари садамаҳои нақлиёти рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар вилояти Суд 2 нафар ба ҳалокат расиданд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Зафаробод ронадаи автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», сокини 30-солаи шахри Хуҷанд Фарҳод Алимов ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи КамАЗ» таҳти идораи сокини […]

Мавлуда Рафиева



Бар асари садамаҳои нақлиёти рӯзи панҷшанбеи ҳамин ҳафта дар вилояти Суд 2 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Хуҷанд-Зафаробод ронадаи автомашинаи тамғаи «Опел-Комбо», сокини 30-солаи шахри Хуҷанд Фарҳод Алимов ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба автомашинаи КамАЗ» таҳти идораи сокини 36-солаи ноҳияи Зафаробод Ҷалолиддин Рӯзибоев бармехӯрад, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи «Опел» аз ҷароҳатҳои ҷимонии бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ҳодисаи дигари садамаи нақлиёти марговар баъди нимашаб дар қаламрави деҳоти Гулистони ҷамоати Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов рух дода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чанак ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 25-солаи ноҳияи Спитамен Юсуф Зокиров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба девори манзили зист бармехӯрад, ки дар натиҷа ронанда дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Бино ба иттилои Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, давоми 6 моҳи соли ҷорӣ дар роҳҳои мошингарди вилоят 136 ҳодисаи садамаи нақлиёт (ҳамин давраи соли 2013 – 145 ҳодиса) рух дода, бар асари он 50 нафар ҳалок (соли 2013 – 54 нафар) ва 155 нафар (соли 2013 – 151 нафар) ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ гирифтаанд.

Дар ин давра бо иштироки кӯдакон 31 ҳодисаи садамаи нақлиёт (соли 2013 – 33 ҳодиса) ба қайд гирифта шуда, дар натиҷа 9 нафар ҳалок (соли 2013 – 10 нафар) ва 26 нафар кӯдакон (соли 2013 – 25 нафар) ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.