Шикояти журналисти суғдӣ аз болои кормандони милиса

Хабарнигори ҳафтавори мустақили «Нигоҳ» ва Агентии иттилоотии TojNews дар вилояти Суғд Қамари Аҳрор барои монеъа эҷод кардан ба фаъолияти касбиаш аз болои кормандони милиса ба мақомоти прокуратура шикоят бурд. Қамари Аҳрорро кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми наворбардорӣ дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев боздошт намуда, ба […]

Мавлуда Рафиева



Хабарнигори ҳафтавори мустақили «Нигоҳ» ва Агентии иттилоотии TojNews дар вилояти Суғд Қамари Аҳрор барои монеъа эҷод кардан ба фаъолияти касбиаш аз болои кормандони милиса ба мақомоти прокуратура шикоят бурд.

Қамари Аҳрорро кормандони милисаи шаҳри Хуҷанд ҳангоми наворбардорӣ дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев боздошт намуда, ба шуъбаи корҳои дохилӣ мебаранд. Сипас ӯро бозпурсӣ намуда, баёнот мегиранд ва баъди 3 соат ҷавоб медиҳанд.

Сардори Шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки «кормандони милиса касеро маҷбуран ба шуъба наовардаанд ва худи журналист тартиботи ҷамъиятиро риоя накарда, кормандони милиса бошанд, чораҳои қонунӣ андешидаанд».

Ба гуфтаи сардори шуъбаи милисаи шаҳр, созмондиҳандагони чорабинии варзишӣ ба кормандони милиса муроҷиат намуда, дархост кардаанд, ки журналист аз назди майдони қувваозмойӣ дур карда шавад, зеро ба баргузории мусобиқа халал мерасонад.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл Қамари Аҳрор дар бораи нисбаташ содир шудани амалҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормнадони милиса бо аризаи даъвогӣ ба мақомоти прокуратура муроҷиат кард.

«Ман шояд ба прокуратура муроҷиат намекардам, лекин ҳодисаҳои монеъагузории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба фаъолияи касбии журналистон бисёр рух медиҳанд. Чун дар ин ҳолатҳо мо хомӯширо ихтиёр мекунем, онҳо ба чунин амалашон нисбати журналистон идома медиҳанд. Ман хостори онам, ки онҳо низ барои чунин амалашон ҷавобгар бошанд», – иброз дошт Қамари Аҳрор.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.