Фаъолияти бидуни қайди 138 масҷид дар ҷануби ҷумҳурӣ

Тайи моҳи ахир 20 масҷид дар ноҳияи Восеъ барои роҳандозии  фаъолияти қонунӣ ҳуқуқ пайдо карданд. Мудир шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон боз 26 масҷид дар ноҳияи Восеъ бидуни санадҳои иҷозхатномавӣ фаъолият доранд. «Мо фаъолияти онҳоро муваққатан манъ карда, ҷаримабандӣ мекунем, вале […]

Турко Дикаев



Тайи моҳи ахир 20 масҷид дар ноҳияи Восеъ барои роҳандозии  фаъолияти қонунӣ ҳуқуқ пайдо карданд.

Мудир шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Шариф Абдулҳамидов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон боз 26 масҷид дар ноҳияи Восеъ бидуни санадҳои иҷозхатномавӣ фаъолият доранд. «Мо фаъолияти онҳоро муваққатан манъ карда, ҷаримабандӣ мекунем, вале онҳо барои барасмиятдароии ҳуҷҷатҳояшон шитоб надоранд», – гуфт ӯ ва илова намуд, ки дар 10 ноҳияи минтақа то ҳанӯз 138 масҷид бидуни қайд амал мекунанд.

Ба гуфтаи Абдулҳамидов, дар ноҳияи Данғара 69 масҷид фаъолият дошта, танҳо як масҷиди ҷомеъ дар маркази ноҳия ба гузарондани намози дастаҷамъонаи ҷумъа ҳуқуқ дорад. «Аз ин рӯ, рӯзҳои ҷумъа ва бахусус дар рӯзҳои ид ибодаткунандагон маҷбуранд, ки барои адои намоз аз маҳаллаҳои аҳолинишин ба маркази ноҳия ё масҷдиҳои ҷомеи ноҳияҳои ҳамсоя раванд», – иброз дошт номбурда.

Ёдрас мекунем, ки айни замон дар 10 ноҳияи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 588 масҷиди сабтшуда амал мекунанд, ки 7-тои онҳо масҷидҳои ҷомеъ ва 52-тоашон масҷидҳои намози ҷумъа мебошанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.