Вакилони палатаи поёнии парлумон аз рухсатӣ бармегарданд

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки аз 1-уми август ба рухсатии меҳнатӣ рафта буданд, пагоҳ, 15-уми август дар кумита ва комиссияҳои палатаи поёни парлумон ба кор шурӯъ мекунанд. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз пагоҳ вакилон ба омӯзиши лоиҳаҳои қонунҳо, ки замони рухсатиашон […]

Аваз Юлдошев



Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки аз 1-уми август ба рухсатии меҳнатӣ рафта буданд, пагоҳ, 15-уми август дар кумита ва комиссияҳои палатаи поёни парлумон ба кор шурӯъ мекунанд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки аз пагоҳ вакилон ба омӯзиши лоиҳаҳои қонунҳо, ки замони рухсатиашон аз ҷониби ҳукумат ва президент ворид шудааст оғоз мекунанд.

«Ғайр аз ин, то 1-уми октябр, санаи оғози иҷлосияи охирини даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, намояндагони мардумӣ бевосита ба фаъолияти қонунофарии худ машғул хоҳанд шуд», – афзуд Султонов.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, маъракаи интихоботи навбатӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии ҷумҳуриро президенти мамлакат на дертар аз 75 рӯз то анҷоми ваколатҳои вакилони палатаи поёнии парлумон, ки 28-уми феврали соли 2015 ба итмом мерасад, таъин мекунад. Интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ дар як вақт бо интихобот ба палатаи поёнии парлумон сурат мегирад. Интихобот ба палатаи болоии парлумони Тоҷикистон пас аз 25 рӯзи баргузории интихоботи вакилон ба палатаи поёнии парлумон доир мегардад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.