Муаррифии қабулгоҳи ҷамъиятии Омбудсмен дар Исфара

Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Омбудсмен) ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ дар доираи тадбиқи Лоиҳаи «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон бо мақсади тақвияти имконияти одамон дар Тоҷикистон» маросими муаррифии Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар шаҳри Исфараро доир намуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти […]

ASIA-Plus



Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Омбудсмен) ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар ҳамкорӣ бо Барномаи Рушди СММ дар доираи тадбиқи Лоиҳаи «Таҳкими волоияти қонун ва ҳуқуқи инсон бо мақсади тақвияти имконияти одамон дар Тоҷикистон» маросими муаррифии Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар шаҳри Исфараро доир намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода, Раиси шаҳри Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, Ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Суҳайлӣ Қодиров, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният, вакилони маҷлиси маҳаллии вакилони халқ, раисони мақомоти худидоракунӣ, кормандони Дастгоҳи Раиси шаҳр, намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО-и маҳалӣ ва фаъолони шаҳри Исфара иштирок намуданд.

Муаррифӣ бо мақсади шинос намудани аҳли ҷамоатчигии шаҳри Исфара бо фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсис додани Қабулгоҳи ҷамъиятӣ дар шаҳри Исфара ва ҷалби аҳолӣ дар фаъолияти он баргузор гардид.

Қабулгоҳи ҷамъиятӣ сохтори ёрирасон ва машваратӣ буда, фаъолияти он ба қабул ва баррасии муроҷиати шаҳрвандон, гузаронидани мониторинг ва чорабиниҳои омӯзишӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи аҳолӣ ва гурӯҳҳои осебпазир равона мешавад. 

Дар анҷоми кори мизи мудаввар иштирокчиёни он ҳавасмандии худро ҷиҳати таъсис додани Қабулгоҳи ҷамъиятӣ қайд намуда, барои фаъолияти пурсамари он омодагии худро ҷиҳати ҳамкорӣ ва иштирок дар фаъолияти он иброз намуданд.

Ҳамчунин, Зариф Ализода дар Қабулгоҳи ҷамъиятии навтаъсис 3 нафар сокинони шаҳри Исфараро ба ҳузур пазируфта, муроҷиатҳои онҳоро қабул намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Теъдоди муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Лаҳистон афзудааст”

Бисёре аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар намехоҳанд дар Русия кор кунанд.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.