Иштироки 8 намояндаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи наврасон дар Чин

Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, Фирӯз Ёқубов, қаҳрамони Осиё оид ба гуштии озод байни наврасон, Парчами миллии Тоҷикистонро мебардорад. Бино ба иттилои Кумитьаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфтааст, дар Олимпиадаи Нанҷинг-2014 ҳашт варзишгари […]

ASIA-Plus



Дар маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпии наврасон, ки аз 16-ум то 28-уми август дар Нанҷинги Чин баргузор мешаванд, Фирӯз Ёқубов, қаҳрамони Осиё оид ба гуштии озод байни наврасон, Парчами миллии Тоҷикистонро мебардорад.

Бино ба иттилои Кумитьаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, гуфтааст, дар Олимпиадаи Нанҷинг-2014 ҳашт варзишгари ҷавони тоҷик – Фирӯз Ёқубов оид ба гуштии озод дар вазни то 100 кг, Тоҳирҷон Охонов(вазни то 85 кг) ва Равзатулло Исоев (вазни то 42 кг) – ҳарду оид ба гуштии юнониву румӣ ва Меҳрангез Назарова дар давидан ба масофаи 3000 метр, Фаррухи Салим оид ба дзюдо дар вазни 66-81 кг, Аниса Замирова оид ба камонварӣ, Карина Климик оид ба шиноварӣ ва Ҷаъфар Шерматов оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд.

Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон, инчунин, мураббиёни онҳо –  Абдурозиқ Олимов (гуштии варзишӣ), Ҷамшед Расулов (варзиши сабук), Носир Бозоров (дзюдо), Фирӯза Зубайдова (камонварӣ), Олег Набиев (тирпарронӣ) ва Катерина Измайлова (шиноварӣ) дохиланд.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон бо раҳбарии Носир Бозоров, сардори шӯъбаи варзиш ва маълумоти олимпии Кумитаи миллии олимпии кишвар, шаби 14-уми август тавассути ҳавопаймо бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ – Нанҷинг ба Чин парвоз кард.

Бояд гуфт, ки дар Бозиҳои дувуми тобистонаи олимпӣ дар Нанҷинги Чин ширкати ҳудуди 3800 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола аз 204 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Маросими ифтитоҳи ботантанаи Бозиҳои олимпии наврасон-2014 дар Варзишгоҳи олимпии Нанҷинг 16 –уми август соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...