Кам шудани истеҳсоли барқ ба иллати коҳиши талаботи «ТАЛКО»

Дар муқоиса бо соли гузашта моҳи июли соли ҷорӣ истгоҳҳои тобеъ ба ширкати «Барқи тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқро ба миқдори 23 млн. кВт/соат кам карданд. Бино ба маълумоти Маркази мониторинг ва огоҳкуни пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ,  сабаби чунин вазъ коҳиши талаботи Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба нерӯи барқ мебошад. Ба иттилои […]



Дар муқоиса бо соли гузашта моҳи июли соли ҷорӣ истгоҳҳои тобеъ ба ширкати «Барқи тоҷик» ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқро ба миқдори 23 млн. кВт/соат кам карданд.

Бино ба маълумоти Маркази мониторинг ва огоҳкуни пешакии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ,  сабаби чунин вазъ коҳиши талаботи Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба нерӯи барқ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, моҳи гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар кишвар 1 млрд. 552 млн. кВт/соат ё худ ба ҳисоби миёна 50,1 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст.

Зимнан зикр мегардад, ки моҳи июли соли равон ҳаҷми умумии истеъмоли нерӯи барқ дар саросари кишвар ба 1 млрд. 338 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи июли соли 2013 ба миқдори 79 млн. кВт/соат камтар аст.

«Моҳи июли соли ҷорӣ аз нерӯгоҳҳои «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» тариқи шабакаҳои 220 кВ ва 110 кВ ба Афғонистон 168,4 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 14,8 млн. кВт/соат зиёдтар буда, аз ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ҳудуди 11%-ро ташкил медиҳад», – омадааст дар маълумоти марказ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.