Суғд: Ҳукми 20 соли зиндон барои қатли бераҳмонаи ҳамдеҳа

Барои қатли бераҳмонаи ҳамдеҳаи худ як сокини вилояти Суғд ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Раисикунандаи мурофиаи мазкур, судяи Суди вилояти Суғд Рухсат Розиқзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъди баррасии парванда суд Ҳабибулло Хӯҷаевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қисми 2, банди «е» (Одамкушӣ, ки  бо бераҳмии махсус содир […]

Мавлуда Рафиева



Барои қатли бераҳмонаи ҳамдеҳаи худ як сокини вилояти Суғд ба 20 соли зиндон маҳкум шуд.

Раисикунандаи мурофиаи мазкур, судяи Суди вилояти Суғд Рухсат Розиқзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки баъди баррасии парванда суд Ҳабибулло Хӯҷаевро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104, қисми 2, банди «е» (Одамкушӣ, ки  бо бераҳмии махсус содир шудааст)-и Кодекси ҷиноии ҶТ гунаҳкор эътироф намуда, ӯро ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кардааст.

Судя зикр кард, ки рӯзи 5-уми майи соли 2014 дар қаламрави ҷамоати Тоғяки ноҳияи Спитамен маҳкумшуда бо ҳамсояи худ Ҷавлон Умурзоқови 39-сола шароб нӯшида, сипас ҷанҷолу занозанӣ мекунанд. Алами худро пинҳон дошта, маҳкумшуда рӯзи дигар боз бо ҳамсоя шароб нӯшидаву ӯро маст карда, сипас бо корд ба ҷисми ӯ якчанд зарба мезанад, ки бар асари он Ҷавлон Умурзоқов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.