Анҷоми сохтмони роҳ ба самти кампуси ояндаи ДОМ

Бунёди роҳи нави 2.5 километра, ки роҳи асосии Хоруғро бо деҳаи Дашт пайваст мекунад, аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) анҷом дода шуд. Он 18 августи соли 2014 дар ҳузури мири шаҳр Фаромӯз Имомбердиев расман ба шаҳрдории Хоруғ ва Комиссияи давлатӣ супорида шуд. Тавре аз Раёсати сохтмон ва хадамоти баитсифодадиҳии ДОМ хабар доданд, дар маросими […]

ASIA-Plus



Бунёди роҳи нави 2.5 километра, ки роҳи асосии Хоруғро бо деҳаи Дашт пайваст мекунад, аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) анҷом дода шуд. Он 18 августи соли 2014 дар ҳузури мири шаҳр Фаромӯз Имомбердиев расман ба шаҳрдории Хоруғ ва Комиссияи давлатӣ супорида шуд.

Тавре аз Раёсати сохтмон ва хадамоти баитсифодадиҳии ДОМ хабар доданд, дар маросими баистифодадиҳӣ ҳамчунин ҷаноби Кишоварз Шогунбеков, сардори Раёсати меъморӣ; ҷаноби Диловар Насуллобеков, сардори Раёсати заминсозӣ ва  ҷаноби Тоҳир Абдолбеков, сардори Раёсати манзилию коммуналӣ ҳузур доштанд.

Роҳи Дашт дорои ду хати ҳаракат буда, ҷузъи якчанд лоиҳаи зербиноии анҷомдодаи ДОМ аст, ки барои оғоз бахшидани сохтмони кулл зарур мебошанд ва наздики 250 нафар аз сокинони маҳаллиро ба кор фаро гирифта буд. Сохтмони роҳ давоми панҷ моҳ анҷом дода шуда, мавзеи кампуси асосии Хоруғи Донишгоҳро бо Дашти боло, ки сокинони зиёди маҳаллӣ истиқомат доранд, пайваст мекунад. 

Ҳайати ҳукуматӣ ҳамчунин аз мавзеъ барои сохтмони кампус, ки дар баландии 2,100 метр аз сатҳи баҳр дар замини ҷудонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст, дидан намуданд. Онҳо корҳои анҷомдода ва ҷории омодагӣ, аз ҷумла кашондан ва майдакунии сангҳои калон, дар ҳаҷми 160,000 метри кубиро аз назар гузаронданд, ки интизор меравад миёнаҳои моҳи октябр ба анҷом расонда шаванд. Ин сангҳо минбаъд ҳамчун ашёи асосӣ барои роҳҳо ва биноҳо, истеҳсоли семент ва сохтмони асосӣ истифода хоҳанд шуд. 

 Шурӯъ аз соли 2004, ширкатҳои маҳаллии сохтмонӣ ба таври фаъол ба тендерҳои эълоншуда ҷалб гардидаанд, аз ҷумла барои иҷрои гузарондани хати таъминоти об аз ҷониби ДОМ таҳияшуда аз мавзеи Худзйел то Даштак, хати баландшиддати барқ барои ҷамоати Даштак, роҳ барои биноҳои кӯчондашуда ва Девори Сабз дар гирду атрофи кампуси Хоруғ. Соли 2010, ДОМ таъминоти деҳаи Дашт бо оби ошомиданиро дар масофаи 1,770 метр анҷом дод.

«Барои таъмини фарогирии ДОМ, мо бо ширкатҳои маҳаллии сохтмонӣ ва чомеаҳои гирду атроф кор мекунем. Роҳи деҳаи Дашт ҳам имконият барои кӯчондани хонаводаҳо ва ҳам таъмини дастрасии босифат ба хадамоти коммуналӣ ва хизматрасониҳои дигар барои маҳаллаҳои гирду атрофи замини кампуси ояндаро фароҳам меорад», – гуфт ҷаноби Грант Робертсон, Директор оид ба сохтмони ДОМ.

Лоиҳакашии мавзеъ барои кампуси Хоруғ анчом дода шуда, тарҳнақшаҳои муфассал дар ҳоли таҳия мебошанд. Теъдоди зиёди ширкатҳои сохтмонӣ барои корҳои танзимгарӣ ва заминӣ ҳуҷҷатҳои тендерӣ пешниҳод намудаанд. Корҳои сохтмонии ДОМ кариб пурра аз ҷониби сокинони маҳаллӣ амалӣ шуда истодаанд. Душанбе ва Ноҳияҳои тобеи марказ низ барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои озмунӣ ҷиҳати иштирок дар корҳои баъдӣ ва омодасозии мавзеи сохтмон мароқ зоҳир намудаанд.  

Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) соли 2000-ум аз ҷониби Президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Қазоқистон ва Аълоҳазрат Оғохон бо мақсади пешниҳоди стандарти дар сатҳи байналмилалӣ эътирофгардидаи таҳсилоти олӣ дар Осиёи Марказӣ таъсис ёфта,  барои омодасозии хатмкардаҳои дорои дониш, малака ва зарфиятҳои эҷодӣ ҷиҳати таъмини пешравӣ ва навоварӣ дар рушди минтақа талош меварзад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷазои 20 сарбоз барои фирор аз қисми низомӣ. Арзёбии шароити сарбозон ва будубоши онҳо дар қисмҳои низомӣ аз сӯйи Омбудсмен

Ҳамчунин, 10 корманди комиссариатҳои ҳарбӣ барои дағалона рафтор кардан ва иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ муҷозот шудаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Далер Лоҳутӣ ва Абдулфаттоҳ Ҳотамов, бунёдгузори литсейи "Ҳотам ПВ" то рӯзи ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

Эроние мехоҳад муаррифи Тоҷикистон бошад. Ӯ кист ва чӣ бардошт аз кишвари мо дорад?

Ӯ тафовути фарҳангӣ миёни эрониён ва тоҷикистониёнро дар чӣ мебинад ва барои ҳунармандони тоҷик чӣ пешниҳод дорад?

Дар либоси нозирони милитсияи Душанбе дурбинҳои назоратӣ насб мекунанд

Қаблан ба нозирони роҳ ин дастгоҳ дода шуда буд, аммо то куҷо истифода шуд, номаълум аст.

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.