Рейдҳои фаврии ҳамарӯзаи милитсияи экологии Душанбе

Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо милитсияи экологӣ аз ин ба баъд ҷиҳати пешгирии паҳншавии партовҳо дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ (манъшуда) ҳамарӯза рейдҳои афрвии рӯзона ва шабона доир менамояд. Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳр Толиб Раҳимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рейдҳое, ки қаблан аз ҷониби милитсияи экологӣ як […]

Маҳпора Киромова



Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе дар ҳамдастӣ бо милитсияи экологӣ аз ин ба баъд ҷиҳати пешгирии паҳншавии партовҳо дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ (манъшуда) ҳамарӯза рейдҳои афрвии рӯзона ва шабона доир менамояд.

Сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳр Толиб Раҳимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рейдҳое, ки қаблан аз ҷониби милитсияи экологӣ як маротиба дар як ҳафта гузаронида мешуданд, акнун ҳамарӯза аз соати 7 то 10-и субҳ роҳандозӣ карда мешаванд.

«Танҳо чанд рӯз пеш Раёсат сокини шаҳри Душанбе М.Тошкулитоваро барои дар ҷойи ғайримуқаррарӣ, хеле дуртар аз зарфҳои партовгоҳи назди хонааш  холӣ кардани партов, ба маблағи 120 сомонӣ ҷаримабандӣ кард», – иброз дошт вай.

Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи 6 моҳ аз ҳисоби чунин ҷаримаҳо ба буҷети давлатӣ 80 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст. «Мутобиқи қонунгузорӣ, барои содир шудани чунин амал шахси воқеӣ – аз 40 то 120 сомонӣ, соҳибкорони хусусӣ – аз 200 то 400 сомонӣ ва шахси ҳуқуқӣ – аз 4 то 8 ҳазор сомонӣ ҷарима мепардозанд», – қайд кард Раҳимов.

«Мутаассифона, бархе танбалӣ карда, патовҳоро то зарфи партов намебаранд, ки ин амал ба ифлосшавии муҳити зист боис мегардад ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар 4 ноҳияи шаҳри Душанбе 1 ҳазору 688 адад макони партовгоҳ мавҷуд аст», – қайд кард сардори Раёсат.

Бино ба маълумоти Раёсати мазкур, танҳо рӯзи 18-уми август аз шаҳри Душанбе ба партовгоҳи шаҳрии воқеъ дар километри 9-ум беш аз 640 тонна партовҳо бароварда шудаанд.

Толиб Раҳимов мегӯяд, сол то сол ҳаҷми партовҳо зиёд мешаванд, ки дар навбати аввал ба афзудани зарфҳои истифодаи якмаротибагӣ ва лавозимоти гигиенӣ ва сипас ба афзоиши шумори аҳолӣ марбут аст. «Агар дар замони шӯравӣ ба ҳар сари аҳолии пойтахт 114 кило партов дар як сол рост меомад, пас феълан ин нишондиҳанда ба 1,5 тонна баробар шудааст», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.