Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи гузаронидани амалиёти муштарак бо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон боз як гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро безарар гардониданд.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, кормандони оперативии Агентӣ кӯшиши интиқоли миқдори махсусан калони маводи нашъаоварро аз давлати ҳамсоя ба Федератсияи Россия пешгирӣ намуданд.
Дар натиҷаи амалиёти байналмиллалии бисёрмарҳила, ки якчанд моҳ давом ёфт, кормандони Агентӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз рӯи усули “интиқоли назоратшаванда” фаъолияти гурӯҳи муташаккили ҷиноиро, ки хислати байналмиллалӣ дошт, қатъ намуданд. Дар натиҷа аз муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовари навъи гашиш мусодира гардида, шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон боздошт гардиданд.
Дар қаламрави шаҳри Душанбе автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс” таҳти идораи зода ва сокини ноҳияи Фархор, якҷоя бо мусофири автомашина – сокини ҳамин ноҳия боздошт гардид. Ҳангоми азназаргузаронии автомашина 77 дона баста бо маводи бӯи ғализ дошта дарёфт гардид.
Мутобиқи хулосаи Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ маводи мусодирашуда гашиш буда, вазнаш 100 кг-ро ташкил менамояд.
Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ боз як аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша – сокини 53-солаи вилояти Тахори Афғонистон дастгир гардид.
Нисбати ҳодисаи мазкур аз тарафи Шӯъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст. Бо мақсади ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамаи аъзоёни гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша қарор карда шуд, ки гурӯҳи байналмиллалии тафтишотӣ созмон дода шавад. Ин дуюмин амалиёт дар давоми як моҳи охир мебошад.



