Барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амният дар ҷашни Истиқоли давлатӣ, ки ҳамасола 9-уми сентябр таҷлил мегардад ва баргузор шудани нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе рӯзҳои 11-12-уми сентябр, аз ҳисоби кормандони мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба пойтахт нерӯ ва воситаҳои иловагӣ сафарбар мешаванд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ хабар дод.
Ба гуфтаи манбаъ, макони гирдиҳам омадани одамон, кӯчаву қаламрави ҳамшафат бо ҷойи баргузории нишасти СҲШ ва чорабиниҳо бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ таҳти назорат ва посбонии доимӣ гирифта мешаванд.
«Аз ахири моҳи август ба низоми пурзӯри адои хизмат гузаштани тамоми ҳайати сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар назар аст», – қайд кард манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки шурӯъ аз нимаи моҳи июл шаҳри Душанбе аз ҷониби дастаҳои милиса аз ҳисоби кормандони сохторҳои қудратии кишвар назорат карда мешавад.



