Дар Мастчоҳ дибонгоҳи сарҳадӣ ба истифода дода шуд

Нимаи ҳафтаи равон дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Саймӯъмин Ятимов ва роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб як иншооти сарҳадӣ мавриди истифода қарор гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, сохтмони ин дидбонгоҳи сарҳадӣ соли гузашта […]



Нимаи ҳафтаи равон дар ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Саймӯъмин Ятимов ва роҳбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб як иншооти сарҳадӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, сохтмони ин дидбонгоҳи сарҳадӣ соли гузашта оғоз гардид ва он аз ҳисоби маблағҳои сарфакардашудаи Агентии мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 8 миллион сомонӣ сохта шуд.

Корҳои сохтмонӣ аз тарафи ҶДДМ «Сохтмон» – и ноҳияи Мастчоҳ анҷом дода шудааст. Дидбонгоҳи сарҳадӣ аз 28 номгӯи иншоот, аз ҷумла хобгоҳ барои сарбозон, хонаи афсарон, майдончаи варзишӣ, ошхона барои афсарону сарбозон, мошинсарой, аспхона, хонаи аёдати падару модарон, ҳаммом ва ғайра иборат мебошад.

Барои фаъолияти минбаъдаи дидбонгоҳи сарҳадӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии мубориза бар зидди коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ таҷҳизоти зарурӣ муҳайё карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.