Иштироки Э.Раҳмон дар Иди асалу харбузаи шаҳри Хуҷанд

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Иди асалу харбуза баргузор мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, имрӯз президенти мамлакат ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ низ боздид мекунад. Ба иттилои манбаъ, дар Иди харбуза кишоварзони 10 ноҳияҳои вилоят ва дар […]

Мавлуда Рафиева, Баҳром Файзуллоев



Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Иди асалу харбуза баргузор мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, имрӯз президенти мамлакат ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар майдони назди муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ низ боздид мекунад.

Ба иттилои манбаъ, дар Иди харбуза кишоварзони 10 ноҳияҳои вилоят ва дар Иди асал занбӯриасалпарварони Иттиҳодияи занбӯриасалпарварони вилояти Суғд ва ҳамчунин занбӯриасалпарварони 12 шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар иштирок мекунанд.

Зимнан зикр гардид, ки дар Иди харбуза беш аз 20 навъи харбуза, 5 навъи тарбуз ва 8 навъи каду ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 апрели соли 2026

Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 85-солагии Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон филми мустанад намоиш дода мешавад.

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.