Сокини ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Раъно Раҷабоваро кормандони Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ба гумони порагирӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, Шаҳрванд Қобилова ба Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо ариза муроҷиат намуда, арз кардааст, ки Раъно Раҷабоваи 42-сола бо маслиҳати пешакӣ бо дигарон бо мақсади бо роҳи осон ба даст овардани маблағи муфт моҳҳои феврал-ноябри соли 2012 ба боварии марҳум Қобилов Зокир Обидович даромада, аз ӯ бо роҳи фиреб барои охиронро дар корхонаи хориҷии “Салиби Сурх”(Красный крест) ба кор қабул намудан ва инчунин барои дохил кардани фарзандаш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар чанд ҳолат ҷамъ ба маблағи умумӣ 85 000 доллари амрикоӣ гирифта, ба ивази маблағи гирифтаашон ягон амалеро иҷро накарда, аз баргардонидани маблағҳои гирифтаашон саркашӣ намуда, ба ӯ зарари махсусан калон расонидаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Раъно Раҷабова мутобиқи моддаи 247, қ. 4 (Қаллобӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.



