Баррасии масоили баргузории Рӯзҳои фарҳанги Санкт-Петербург дар Душанбе



Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев гурӯҳи кории мақомоти шаҳрдории Санкт-Петербургро таҳти раҳбарии сардори Кумитаи меҳнат ва шуғли аҳолии ин шаҳр Дмитрий Черненко ба ҳузур пазируфта, дар мулоқоти ҷонибҳо масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург дар Душанбе баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот М.Убайдуллоев ба раиси шаҳри Санкт-Петербург Георгий Полтавченко барои ташкили сафари гурӯҳи корӣ ба Душанбе ҷиҳати омодагӣ ба ин чорабинӣ дар доираи таҷлили ҷашни 90-солагии мақомоти пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе арзи сипос намуд.

«Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории мақомоти шаҳрдории ҳарду ҷониб дар бахшҳои муҳоҷирати корӣ, маориф, омӯзиши забони русӣ, тиҷорат, сармоягузорӣ, фарҳанг ва ғайра низ матраҳ гардиданд», – қайд кард Саидов.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи натиҷаҳои вохӯрӣ оид ба ташкили корҳои омодагӣ ва баргузории Рӯзҳои фарҳанги пойтахти шимолии Русия дар шаҳри Душанбе гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуд.

 

spot_imgspot_img

Популярное