С.Лавров Тоҷикистонро яке иттифоқчиёни Русия унвон кард



Зимни вохӯрӣ бо иштирокчиёни Форуми умумрусиягии ҷавонон таҳти унвони «Селигер-2014» вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров Тоҷикистонро яке иттифоқчиёни Русия унвон кард.

Бино ба иттилои хабаргузории

РИА Новости

Лавров гуфтааст, ба сафи иттифоқчиёни Русия кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД), шарикони Русия дар лоиҳаҳои ҳамгиройии авруосиёӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва БРИКС шомиланд.

Дар ҳамин ҳол, вазир қайд кардааст, ки дар масъалаи назари дигар доштани иттифоқчиёнаш аз рӯи баъзе масъалаҳо нисбат ба Маскав, Русия ҳеҷ ташвише надорад. «Масалан, Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ҳамеша ва дар ҳама ҷо як хел раъй медиҳанд. Иттифоқчиёни Русия киҳоянд? Мо иттифоқчиёни зиёде дорем. Вақте ба мо мегӯянд, ки итттифоқчиёни шумо дар СААД на ҳамеша бо Русия яксон овоз медиҳанд, мо аз ин ҳеҷ фоҷеае намесозем. Дар НАТО ҳама гуна иқдом ба ҷонибе, изҳори андешаи дигар муҷозот мешавад», – зикр кардааст ӯ.

Қобили зикр аст, ки ба СААД – давлатҳои Русия, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Беларус, ба БРИКС – Бразилия, Ҳиндустон, Русия, Чин ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё – Русия, Қазоқистон ва Беларус шомил мебошанд.

spot_imgspot_img

Популярное