Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба унвони сарвари давлати ин кишвар Ислом Каримов барқияи табрикӣ ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи табрикотии Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки барои Тоҷикистон, ки яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати берунии он таҳкими робитаҳои минтақавӣ маҳсуб мешавад, муносибот бо Ӯзбекистон аҳамияти муҳим доранд.
«Мо хоҳони муносиботи зичи мутақобила мебошем, ки аз манфиатҳои умумии таъмини амнияти минтақавӣ, субот ва ташкили шароитҳо барои рушди устувори ҳар ду кишвар ва некӯаҳволии мардумонамон бармеоянд,», – омадааст дар барқия.
Дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин зикр мегардад, ки бо такя ба анъанаҳои таърихии дӯстона, Тоҷикистон ният дорад тамоми иқтидори мавҷударо барои таҳкими минбаъдаи муносиботи неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои мутақобила пурра амалӣ созад.
«Ин, бешубҳа, ҷавобгӯи манфиатҳои ҳаётӣ на танҳо барои мардум ва давлатҳои мо, балки дар маҷмӯъ барои минтақаи Осиёи Марказӣ низ мебошад. Бовар дорам, ки ташрифи қарибулвуқӯи Шумо ба Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоиши Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба ин раванд тақвият мебахшад», – гуфта мешавад дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон.



