Дар шаҳри Исфара имрӯз бо иштироки раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода бинои нави муосири мактаб-интернати махсус барои кӯдакони биноиашон заъиф ба истифода дода шуд.
Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сохтмони бинои нави мактаб-интернат ба маблағи зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ пурра аз ҷониби ҶДММ «Химзавод» (Корхонаи кимиё) маблағгузорӣ шудааст.
«Дар мактаб-интернати мазкур беш аз 80 нафар тарбиятгирандагон аз бисёр ноҳияҳои вилояти Суғд иқомат ва таҳсил мекунанд. Имрӯз мушкили асосии мактаб-интернат, ки ба норасоии синфҳои дарсӣ марбут буд, ҳаллу фасл шуд», – қайд кард Тешаев.
Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти ҶДММ «Химзавод» ҳамчунин масъалаи пардохти маблағ барои бо ғизо таъмин кардани тарбиятгирандагони мактаб-интернатро баррасӣ мекунад.
«Имрӯз раиси шаҳри Исфара ба 49 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат сарулибоси мактабӣ ва асбобу лавозимоти хониш тақдим кард», – гуфт сухангӯи раиси шаҳр.
Зимнан зикр гардид, ки дар 84 мактаби таҳсилоти миёни умумии шаҳри Исфара зиёда аз 46 ҳазору 600 нафар толибилмон таҳсил карда, беш аз 3 ҳазору 200 нафар омӯзгорон ба онҳо дарс мегӯянд.



