Президент: Баҳои гузоштаи омӯзгорон ба дониши воқеии хонандагон мувофиқат намекунад

Имрӯз зимни суханронӣ назди намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ ва донишҷӯён дар бинои нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти чанде аз намояндагони ҷомеаи омӯзгории кишвар оид ба баҳодиҳии воқеъӣ ба дониши толибилмон дар макотиби таҳсилоти миёнаи  умумиро мавриди интиқод қарор дод. Сарвари давлат қайд кард, ки […]

ASIA-Plus



Имрӯз зимни суханронӣ назди намояндагони сершумори соҳаҳои илму маорифи ҷумҳурӣ ва донишҷӯён дар бинои нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти чанде аз намояндагони ҷомеаи омӯзгории кишвар оид ба баҳодиҳии воқеъӣ ба дониши толибилмон дар макотиби таҳсилоти миёнаи  умумиро мавриди интиқод қарор дод.

Сарвари давлат қайд кард, ки  имсол аввалин бор дар кишвар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тавассути имтиҳоноти марказонида дохил шуданд.

«Ҷараёни қабули имтиҳонҳои марказонидаи имсола собит намуд, ки баҳои гузоштаи омӯзгорон ба дониши воқеии хонандагон мувофиқат намекунад, яъне сатҳи дониши толибилмон хеле паст аст, – иброз дошт президент. – Чунин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки баъзе омӯзгорон ҳангоми баҳогузорӣ ба дониши шогирдон бемасъулиятӣ зоҳир намуда, талаботи баҳогузориро риоя намекунанд».

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри воқеъияти ҷаҳони муосир, ки ба ҷалби ҷавонон ба ҳаракат ва равияҳои гуногуни ифротгаро марбут аст, аз ҷомеа даъват кард, ки дар ҳалли мушкилоти мазкур худро канор нагиранд.

«Вақтҳои охир аз бемасъулиятии як қисми волидайн ва масъулини баъзе муассисаҳои таълимӣ ҷавонон ва махсусан хонандагон бо сабаби ғайримақсаднок истифода бурдани шабакаҳои интернет даст ба ҷиноят мезананд ва бо ҳамдигар муноқиша менамоянд, ки чунин муносибат то ба куштор оварда мерасонад, – таъкид дошт сарвари давлат. – Бинобар ин, падару модарон ва масъулини муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки истифодаи шабакаҳои иттилоотии ба рӯҳияи ҷавонон зарароварро дар хона ва мактаб маҳдуд намоянд ва истифодаи телефонҳои мобилии фарзандонро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.