Кумаки раиси шаҳри Исфара ба толибилмон аз оилаҳои камбизоат

Дар шаҳри Исфара имрӯз бо иштироки раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода бинои нави муосири мактаб-интернати махсус барои кӯдакони биноиашон заъиф ба истифода дода шуд. Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сохтмони бинои нави мактаб-интернат ба маблағи зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ пурра аз ҷониби ҶДММ «Химзавод» […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Исфара имрӯз бо иштироки раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода бинои нави муосири мактаб-интернати махсус барои кӯдакони биноиашон заъиф ба истифода дода шуд.

Сухангӯи раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки сохтмони бинои нави мактаб-интернат ба маблағи зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ пурра аз ҷониби ҶДММ «Химзавод» (Корхонаи кимиё) маблағгузорӣ шудааст.

«Дар мактаб-интернати мазкур беш аз 80 нафар тарбиятгирандагон аз бисёр ноҳияҳои вилояти Суғд иқомат ва таҳсил мекунанд. Имрӯз мушкили асосии мактаб-интернат, ки ба норасоии синфҳои дарсӣ марбут буд, ҳаллу фасл шуд», – қайд кард Тешаев.

Ба гуфтаи ӯ, раҳбарияти ҶДММ «Химзавод» ҳамчунин масъалаи пардохти маблағ барои бо ғизо таъмин кардани тарбиятгирандагони мактаб-интернатро баррасӣ мекунад.

«Имрӯз раиси шаҳри Исфара ба 49 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат сарулибоси мактабӣ ва асбобу лавозимоти хониш тақдим кард», – гуфт сухангӯи раиси шаҳр.

Зимнан зикр гардид, ки дар 84 мактаби таҳсилоти миёни умумии шаҳри Исфара зиёда аз 46 ҳазору 600 нафар толибилмон таҳсил карда, беш аз 3 ҳазору 200 нафар омӯзгорон ба онҳо дарс мегӯянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.