Машварати раиси ҲНИТ оид ба омодагӣ ба интихобот



Рӯзи 3-юми сентябр Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Наҳзати Исломии Тоҷикистон зимни мулоқот бо масъулини шуъбаи илм ва кор бо уламои ҳизб дар атрофи авзоъи ҷомеъа, фишори мақомот болои рӯҳоният ва шаҳрвандони кишвар, барномарезӣ ва ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти ин ниҳоди ҳизбӣ дар остонаи омодагириҳо ба интихоботҳои парлумонӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ диду назар ва мавқеъи раҳбарияти ҳизбро матраҳ сохт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, атрофи масоили матраҳшуда миёни ширкатдорони ин нишаст табодули афкор доир гардидааст.

Зикр мегардад, ки ба масъулини шуъбаи мазкур дастур дода шуд, ки мақолаҳои ақидатӣ, илмӣ, ахлоқӣ ва фарҳангиро таҳия сохта, дар ВАО-и ҳизб ба чоп бирасонанд. Ҳамчунин ин гуна мақолаҳоро дар шакли китобчаву буклетҳо нашр карда, дар ихтиёри аъзову ҳаводорони ҳизҳб ва дар умум сокинони кишвар қарор бидиҳанд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ба ин ниҳоди ҳизбӣ машваратҳое ҳам дар мавриди роҳандозии дидору суҳбатҳо бо уламову машоихи кишвар ва ҳамкории судманд бо онҳо ироъа гардиданд.

spot_imgspot_img

Популярное