ҲСТ ба анҷуман вакил интихоб мекунад

Дар чанде аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ конфронсҳои Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) доир гардиданд, ки дар онҳо вакилон ба анҷумани IX-уми дар моҳи декабри соли равон пешбинишудаи ҳизб интихоб шуданд. Раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то ахири моҳи октябр тамоми бахшҳои минтақавии ҳизб бояд вакилонашон ба анҷумани пешазинтихоботиро муайян […]

Аваз Юлдошев



Дар чанде аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ конфронсҳои Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) доир гардиданд, ки дар онҳо вакилон ба анҷумани IX-уми дар моҳи декабри соли равон пешбинишудаи ҳизб интихоб шуданд.

Раиси ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки то ахири моҳи октябр тамоми бахшҳои минтақавии ҳизб бояд вакилонашон ба анҷумани пешазинтихоботиро муайян кунанд. Дар анҷумани IX-уми ҲСТ иштироки беш аз 100 нафар вакилон дар назар аст.

«Дар маъракаи интихобот ба палатаи поёнии парлумон мо ният дорем, ки ба рӯйхати ҳизбӣ 14-15 нафар номзадҳоро шомил созем. Ғайр аз ин, аз ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ низ номзадии 3-4 нафар ҷонибдорони ҳизбро пешбарӣ карданием», – иброз дошт А.Ғаффоров.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Ҳизби сосиалистии Тоҷикистон дар сафҳои худ ҳудуди 19 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистонро муттаҳид мекунад.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон соли 1996 таҳти раҳбарии яке аз арбобони маъруфи сиёсиву давлатии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Кенҷаев сабти ном шуд. Соли 1999 ӯ аз ҷониби қотилони номаълум кушта шуд. Соли 2002 Кумитаи иҷроияи марказии ҲСТ Мирҳусейн Нарзиевро раиси ҳизб интихоб намуд.

Як сол қабл аз интихоботи парлумонии соли 2005, замони ба эътилоф ворид шудани ҲСТ (Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби демократ ва ҲНИТ) дар сафҳои ҲСТ мухолифат рӯйи кор омад. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мавқеи бетарафиро ишғол намуда, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон яккаву танҳо монд.

Ба андешаи коршиносон, он замон барои ислоҳи вазъи мавҷуда ва тағйири тавозуни нерӯҳои сиёсӣ аз ҷониби доираҳои ҳукуматӣ таҳти сарварии Абдуҳалим Ғаффоров Ҳизби сотсиалистии сунъӣ таъсис дода шуд. Бо ин амал Ҳизби сотсиалистӣ таҳти раҳбарии М.Нарзиев аз иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2005 барканор карда шуд.

Айни замон ҳарду ҷиноҳи ҲСТ – яке бо роҳбарии А.Ғаффоров, ки расман дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шудааст ва дигаре таҳти сарварии М.Нарзиев вуҷуд доранд, ки аз ҷониби ин ниҳод эътироф намешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.