Намояндаи нави доимии БҶ дар ҳузури вазири корҳои хориҷӣ

Санаи 4 сентябри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа ва Намояндаи доимии тозатаъйини он Бонк дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт. Бинои ба иттилои Вазоррати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Сароҷ Кумар Ҷа Намояндаи доимии тозатаъйини Бонки Ҷаҳонӣ дар […]



Санаи 4 сентябри соли 2014 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа ва Намояндаи доимии тозатаъйини он Бонк дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.

Бинои ба иттилои Вазоррати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар оғози мулоқот Сароҷ Кумар Ҷа Намояндаи доимии тозатаъйини Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро муаррифӣ кард.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои миллӣ ва минтақавӣ, ҳамкориҳои судманди миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи Стратегияи нави Бонки Ҷаҳонӣ барои солҳои 2015-2018 ва тарҳҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои такмили идораи давлатӣ, бахши хусусӣ, инфрасохтор, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо табодули назар намуданд.

Зикр мегардад, ки вазири корҳои хориҷӣ ҳамзамон дар навбати худ зимни изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки Ҷаҳонӣ, Намояндаи доимии тозатаъйини он Бонк дар Тоҷикистон хонум Патрисия Виверс-Картерро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт ва барои фаъолияти минбаъдаи мавсуф дар ин вазифа муваффақият орзу намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.