Консерти «Шоми дӯстӣ» барои иштирокдорони нишасти СҲШ

Дар доираи чорабиниҳои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, рӯзи 11-уми сентябр барои иштирокдорони нишасти созмон дар толори «Кохи Борбад» таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» консерти пуршукӯҳ доир мегардад. Зимни кори мизи гирд дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои дохилии ҶТ Парвиз Давлатзода дар ин робита изҳор намуд, ки консерти мазкур тобишҳои нодири ҳунари ҳар […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар доираи чорабиниҳои нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, рӯзи 11-уми сентябр барои иштирокдорони нишасти созмон дар толори «Кохи Борбад» таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» консерти пуршукӯҳ доир мегардад.

Зимни кори мизи гирд дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои дохилии ҶТ Парвиз Давлатзода дар ин робита изҳор намуд, ки консерти мазкур тобишҳои нодири ҳунари ҳар кадоме аз мардуми кишварҳои узви созмонро таҷассум намуда, ба огаҳии бештар аз таърихи куҳан ва фарҳанги якдигар имконият медиҳад.

«Мо бояд ба фаъолияти дарозмуҳлат ва дақиқ оид ба таҳкими асосҳои маънавии ҳамкорӣ дар доираи СҲШ такя карда, тадбирҳои аз лиҳози маънавӣ ва фарҳангӣ наздикшавии мардуми кишварҳо ва болоравии эътимоди тарафайн миёни инсонҳоро таҳия намоем», – иброз дошт муовини вазир.

Дар робита ба нишасти СҲШ дар Душанбе (11-12-уми сентябр) П.Давлатзода ҳамчунин зикр кард, ки ин нишаст пойтахти Тоҷикистонро муддати 2 рӯз ба маркази рӯйдодҳои ҷаҳонӣ ва геополитикӣ табдил медиҳад. Қабл аз нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ ҷаласаи навбатии иттиҳоди байнибонкӣ, Шӯрои корӣ ва ҳамоиши тиҷоратӣ баргузор мешавад.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки барои инъикоси кори нишаст маркази матбуотӣ таъсис дода шуда, беш аз 500 нафар рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ номнавис шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.