Бунёди Оғо Хон барои соҳибкорони Муъминобод бинои корӣ бунёд кард

Date:



Дар Рӯзи ҷашни истиқолияти давлатии Тоҷикистон, 9-уми сентябр дар маркази маъмурии ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон маросими ифтитоҳи бинои дуошёнаи дафтари кории Ассотсиатсияи соҳибкорони ноҳия баргузор мешавад.

Раиси ноҳияи Муъминобод Пирмадхон Зарифӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки сохтмони иншооти мазкурро Бунёди Оғо Хон маблағгузорӣ кардааст.

Ба гуфтаи раиси ноҳия, ба ҷуз дафтари кории Асссотсиатсия дар бино ҳамчунин даҳҳо хадамоти хизматгузорӣ низ фаъолият хоҳанд кард.

Зикр гардид, ки рӯзи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод ҳамчунин 12 иншооти дигар, аз ҷумла мактаби ибтидоӣ барои 100 нафар хонанда дар деҳаи Боғча (бо маблағгузории корманди бонки пойтахт Амирхон Қурбонов) ва мактаб барои 200 нафар толибилмон (бо маблағгузорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ) низ ба истифода дода мешаванд. «Дар ноҳия ҳамчунин сохтмони варзишгоҳи марказӣ ва Кохи фарҳанг низ идома дорад», – афзуд раиси ноҳия.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...