Субҳи имрӯз президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов ба сифати меҳмони фахрии раиси нишасти Созмони ҳамкории Шанхай – президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Душанбе ташриф овард.
Бино ба маълумоти сафорати Туркманистон дар ҶТ, имрӯз гуфтушунидҳои президенти Турманистон бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар кишварҳо доир мегардад.
Зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Турманистон масоили вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуда, ба масоили ҷараёни
сохтмони лӯлаи интиқоли гази
Туркманистон-Ӯзбекистон-Тоҷикистон-Қирғизистон-Чин (шохаи D) таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.
Маросими расмии оғози сохтмони ин лӯлаи интиқоли газ дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи 13-уми сентябр бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин баргузор мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷараёни вохӯрӣ эҳтимол масъалаи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон низ матраҳ гардад.
Ёдрас мекунем, ки сафари охирини президенти Турманистон ба Тоҷикистон аввали моҳи майи соли равон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он 9 санади ҳамкории дуҷониба дар бахшҳои гуногун ба имзо расида буданд.



