Пешниҳоди Атамбоев ба сарони кишварҳои ОМ оид ба таҳкими эътимод дар марзҳо


Зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбоев  ба сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ пешниҳод намуд, ки оид ба таҳкими эътимод дар марзҳо созишномаҳои дуҷониба ба имзо расонида шаванд.

Атамбоев қайд кард, ки СҲШ бар асоси Панҷгонаи Шанхай таъсис дода шуда, дар шакли панҷҷониба дар бораи таҳкими эътимод дар бахши низомӣ ва коҳиши мутақобилаи нерӯҳои низомӣ дар манотиқи марзӣ созишнома ба имзо расида буд, ки имрӯз ҳам амал мекунад. «Ин тавофуқот дар таъмини амният ва субот дар тамоми минтақа саҳми назаррас гузоштанд», – иброз дошт сарвари давлати ҳамсоя.

Ӯ бар ин назар аст, ки бо назардошти воқеъияти кунунӣ, ба тамоми кишварҳои узви СҲШ иҷрои бечунун чарои тавофуқоти ҳосилшуда ва кӯшиши ҳамаҷониба оид ба таҳкими тадбирҳои эътимод дар минтақа зарур аст.

«Фикр мекунам, ки маҳз таҳкими эътимод дар манотиқи марзии кишварҳои узви СҲШ бояд яке аз афзалиятҳои мо гардад. Дар ин самт бо мақсади таъмини татбиқи амалии талошҳои дахлдор пешниҳод дорам, ки барои таҳия ва минбаъд ба имзо расидани лоиҳаҳои созишномаи дуҷониба миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба таҳкими эътимод дар манотиқи марзӣ тадбирҳо андешида шаванд», – афзуд А.Атамбоев.

spot_imgspot_img

Популярное