Такмили номгӯи хуроки мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр»

spot_imgspot_img

Дата:



Аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ номгӯи хуроки мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр»  такмил дода шуд.

Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, номгӯи ғизо бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои мусофирон таҳия гардида, хӯрокҳое, ки барои мусофирон пешниҳод мегардад ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар карда шудааст.

«Ғизои пешниҳодшударо ҳайати комиссияи чошнигирӣ, роҳбарияти ширкат ва чанде аз ҳамкорони ширкат, ки бо ғизо сару кор доранд, санҷиданд.  Муҳим он аст, ки миёни мусофирон дар рейсҳои қаблӣ назарпурсӣ гузаронида, бобати интихоби ғизо фикру мулоҳизаҳои онҳо ба эътибор гирифта шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли вай, аз рӯйи хулосаи назарпурсӣ дар парвозҳои ибтидои моҳи сентябр, маълум гардид, ки ғизои нав таҳияшуда ба мусофирони ҳамаи дараҷаҳо мақбул омадааст.

«Вобаста ба тағйири навъҳои ғизо хароҷот низ афзудааст, аммо ба нархи пештараи билетҳо тағйирот ворид нагардидааст. Барои мисол, хароҷоти якмоҳаи ширкат дар бахши ғизо алъон 323 280 долларро ташкил медиҳад, дар гузашта хароҷоти якмоҳа ба 265 106 доллар баробар буд. Хароҷоти яксола бошад ба 3 879 360 доллар баробар аст», – шарҳ дод номбурда.

М.Шодиев ҳамчунин зикр кард, ки ба номгӯи хӯрокҳо мурғи обпазшуда бо биринҷ, гӯшти  дамдодашуда бо картошка, нӯшобаи «Добрый», хӯришҳои сабзавотӣ, гӯштӣ, равғани маска, мураббо, панири обкардашуда, майонез, қаҳва, шакар, қаймоқ ва карамел илова гардидааст.  

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...