Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар водии Рашт

Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  рӯзҳои 25-26 сентябр дар шаҳраки Ғарм доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт (Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод) Анҷумани байналмилалии иқтисодии навбатиро дар мавзӯи «Водии Рашт – имкониятҳои рушд» баргузор менамояд. Бино ба иттилои хадамоти матуботи Вазорати мазкур, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва […]

ASIA-Plus



Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ  рӯзҳои 25-26 сентябр дар шаҳраки Ғарм доир ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт (Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тавилдара ва Тоҷикобод) Анҷумани байналмилалии иқтисодии навбатиро дар мавзӯи «Водии Рашт – имкониятҳои рушд» баргузор менамояд.

Бино ба иттилои хадамоти матуботи Вазорати мазкур, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур мониторинг, арзёбӣ ва ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои гуногуни дар минтақаи мазкур татбиқшаванда, баррасии рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои барномаҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои водии Рашт, ҷалби сармоягузориҳо ва муҳокимаи масъалаҳои беҳтар намудани шароит барои рушди соҳибкорӣ дар минтақаи мазкур мебошад.

Инчунин, дар доираи Анҷумани мазкур баргузории мизҳои мудаввар доир ба баррасии масъалаҳои рушди соҳибкорӣ (агробизнес, сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ғайра), рушди иҷтимоии минтақа (маориф, тандурустӣ, баробарии гендерӣ ва ғайра) ва конференсияи илмӣ – амалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Айни замон, ҳайати Кумитаи тадорукот оид ба баргузории Анҷумани байналмилалии иқтисодӣ дар водии Рашт аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ таъсис ва Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ва баргузории чорабинии мазкур аз ҷониби Давлаталӣ Саид – Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.