Оғози сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон

Имрӯз, 13-уми сентябр сафари дурӯзаи давлатии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон оғоз мегардад. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни сафар субҳи имрӯз Си Ҷинпин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «як ба як» мулоқот карда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҳарду кишвар ва имзои асноди дуҷониба баргузор мешавад. Нимаи рӯз вохӯрии […]

ASIA-Plus



Имрӯз, 13-уми сентябр сафари дурӯзаи давлатии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба Тоҷикистон оғоз мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни сафар субҳи имрӯз Си Ҷинпин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «як ба як» мулоқот карда, сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҳарду кишвар ва имзои асноди дуҷониба баргузор мешавад. Нимаи рӯз вохӯрии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода доир мегардад.

Баъдан сарони кишварҳои Тоҷикистону Чин дар маросими анҷоми сохтмони навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва оғози сохтмони навбати дуюми ин марказ иштирок мекунанд.

Ҳамчунин Си Ҷинпин ва Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ дар маросими оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ – Чин» ширкат меварзанд.

Субҳи рӯзи якшанбе сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон ба итмом расида, ӯ аз Душанбе ба ватан бармегардад.

Ёдрас мекунем, ки раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин рӯзи 11-уми сентябр ба Душанбе ташриф оварда, дар чорабиниҳои марбут ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар пойтахти Тоҷикистон иштирок кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.