БДА: Имрӯзу пагоҳ низ баъзе роҳҳои Душанбе баста мешаванд

Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, имрӯз –  13 сентябри соли равон аз соати 08:30-дақиқа то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Бухоро муваққатан мaҳдуд карда мешавад. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз соати 15:30-дақиқа то 16:30-дақиқа […]

ASIA-Plus



Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти ронандагони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, имрӯз –  13 сентябри соли равон аз соати 08:30-дақиқа то 10:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз чорроҳаи Рӯдакӣ-Карамов то Рӯдакӣ-Бухоро муваққатан мaҳдуд карда мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, аз соати 15:30-дақиқа то 16:30-дақиқа аз кӯчаҳои Шоҳтемур, Шероз, хиёбони Исмоили Сомонӣ, Ҳофизи Шерозӣ аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то Ҳофизи Шерозӣ-Рӯдакӣ ҳаракати воситаҳои нақлиёт мaҳдуд карда мешавад.

Инчунин аз соати 16:30-дақиқа то 17:30-дақиқа ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Саъдии Шерозӣ, кӯчаи Неъмат Қарабоев то маҳаллаи Кирови (Оби Шифо)-и ноҳияи Рӯдакӣ мaҳдуд карда мешавад.

Аз соати 19:00 то 21:00 ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз хиёбони Исмоили Сомонӣ аз Рӯдакӣ то Сино ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт пурра манъ карда мешавад.

Рӯзи 14-уми сентябр аз соати 10:30-дақиқа то 11:40-дақиқа ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаҳои Рӯдакӣ-Карамов то фурудгоҳ, кӯчаи Мастонгулов муваққатан мaҳдуд карда мешавад.

Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки дар сурати зарурияти ҷиддӣ надоштан, ҳаддалимкон аз истифодаи нақлиёт дар рӯзҳои номбурда худдорӣ намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.