Сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон ҷонибдори рушди ҳамкориҳои судбахшанд

Нимаи дуюми рӯзи 12-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуда,  ба […]

ASIA-Plus



Нимаи дуюми рӯзи 12-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе иштирок дошт, мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили вобаста ба рушди ҳамкории судбахши ду кишвари дӯст баррасӣ шуда,  ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои ҳамкорӣ ва тавофуқоти қаблии ду ҷониб, аз ҷумла доир ба тезондани сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дар сурати истифодаи самарабахш аз имкону захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон метавонад ба маротиб афзун гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.