Э.Раҳмон ва А.Атамбоев ҳалли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзиро таъкид намуданд

Нимаю дуюми рӯзи 12-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуда, сарони ҳарду давлат ҳавасмандии худро ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи […]

ASIA-Plus



Нимаю дуюми рӯзи 12-уми сентябр Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат масоили вобаста ба муносиботи ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуда, сарони ҳарду давлат ҳавасмандии худро ба ҳаллу фасли ҳарчи зудтари масоили баҳсноки марзӣ дар минтақаи шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои иғвогарона таъкид доштанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки дӯстию бародарии анъанавии мардумони тоҷику қирғиз ҳифз гардида, минбаъд низ ба нафъи ҳарду давлати ҳамсояи дорои манфиатҳои муштарак ва шароити ба ҳам наздик хизмат хоҳад кард.

Ҳавасмандии ду ҷониб ҳамчунин ба рушди ҳамгироии минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноати кӯҳӣ ва дигар бахшҳо, ки барои ҳурду кишвар аҳамияти стратегӣ доранд, таъйид гардид.

Эмомалӣ Раҳмон аз Алмазбек Атамбоев даъват намуд, ки дар вақти барояш мувофиқ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват пазируфта шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.