Такмили номгӯи хуроки мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр»

Аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ номгӯи хуроки мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр»  такмил дода шуд. Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, номгӯи ғизо бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои мусофирон таҳия гардида, хӯрокҳое, ки барои мусофирон пешниҳод мегардад ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар карда шудааст. «Ғизои пешниҳодшударо ҳайати комиссияи […]

ASIA-Plus



Аз аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ номгӯи хуроки мусофирон дар ҳавопаймоҳои ширкати «Тоҷик Эйр»  такмил дода шуд.

Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, номгӯи ғизо бо назардошти дархост ва пешниҳодҳои мусофирон таҳия гардида, хӯрокҳое, ки барои мусофирон пешниҳод мегардад ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ баробар карда шудааст.

«Ғизои пешниҳодшударо ҳайати комиссияи чошнигирӣ, роҳбарияти ширкат ва чанде аз ҳамкорони ширкат, ки бо ғизо сару кор доранд, санҷиданд.  Муҳим он аст, ки миёни мусофирон дар рейсҳои қаблӣ назарпурсӣ гузаронида, бобати интихоби ғизо фикру мулоҳизаҳои онҳо ба эътибор гирифта шуд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли вай, аз рӯйи хулосаи назарпурсӣ дар парвозҳои ибтидои моҳи сентябр, маълум гардид, ки ғизои нав таҳияшуда ба мусофирони ҳамаи дараҷаҳо мақбул омадааст.

«Вобаста ба тағйири навъҳои ғизо хароҷот низ афзудааст, аммо ба нархи пештараи билетҳо тағйирот ворид нагардидааст. Барои мисол, хароҷоти якмоҳаи ширкат дар бахши ғизо алъон 323 280 долларро ташкил медиҳад, дар гузашта хароҷоти якмоҳа ба 265 106 доллар баробар буд. Хароҷоти яксола бошад ба 3 879 360 доллар баробар аст», – шарҳ дод номбурда.

М.Шодиев ҳамчунин зикр кард, ки ба номгӯи хӯрокҳо мурғи обпазшуда бо биринҷ, гӯшти  дамдодашуда бо картошка, нӯшобаи «Добрый», хӯришҳои сабзавотӣ, гӯштӣ, равғани маска, мураббо, панири обкардашуда, майонез, қаҳва, шакар, қаймоқ ва карамел илова гардидааст.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.