Си Ҷинпин ва бонуи аввали Чинро президент ва ҳамсараш гусел карданд

Date:



Рӯзи 14-уми сентябр Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пас аз иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ аз шаҳри Душанбе баргашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақом, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ бонуи аввали Чин Пен Лиюанро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бонуи аввали Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Зимни мулоқоти кӯтоҳе, ки дар толори меҳмонони олимақоми фурӯдгоҳи Душанбе баргузор шуд, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бори дигар баҳои баланд доданд.

Тавре аён мегардад, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ҳамсари ӯ, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ва ҳайати расмию ҳамроҳи онҳо аз Тоҷикистон бо як ҷаҳон таассуроти фораму гуворо бармегарданд.

Дар воқеъ боздиди нахустини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Тоҷикистон басо пурмаҳсул шуд, зеро дар ҷараёни татбиқи амалии санадҳои дар ин сафар миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамшарики стратегӣ баимзорасида беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад, даҳҳо иншооти бузурги саноатӣ бунёд мешавад ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related