Си Ҷинпин ва бонуи аввали Чинро президент ва ҳамсараш гусел карданд

Рӯзи 14-уми сентябр Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пас аз иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ аз шаҳри Душанбе баргашт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақом, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ бонуи аввали Чин […]



Рӯзи 14-уми сентябр Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин пас аз иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ва анҷоми сафари пурмаҳсули давлатӣ аз шаҳри Душанбе баргашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олимақом, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамсари ӯ бонуи аввали Чин Пен Лиюанро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, бонуи аввали Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Зимни мулоқоти кӯтоҳе, ки дар толори меҳмонони олимақоми фурӯдгоҳи Душанбе баргузор шуд, сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин ба ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бори дигар баҳои баланд доданд.

Тавре аён мегардад, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, ҳамсари ӯ, бонуи аввали Чин Пен Лиюан ва ҳайати расмию ҳамроҳи онҳо аз Тоҷикистон бо як ҷаҳон таассуроти фораму гуворо бармегарданд.

Дар воқеъ боздиди нахустини Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин аз Тоҷикистон басо пурмаҳсул шуд, зеро дар ҷараёни татбиқи амалии санадҳои дар ин сафар миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва ҳамшарики стратегӣ баимзорасида беш аз 6 миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ворид мешавад, даҳҳо иншооти бузурги саноатӣ бунёд мешавад ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.