Дарёфти ҷасади Осияи 5-сола

Ҷасади Осияи панҷсола, ки рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе бедарак шуда буд, дар ноҳияи Ҳисор дарёфт шуд. Сабабҳои марги ӯ аз натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ маълум хоҳанд шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи ВКД Тоҷикистон Алиҷон Савров хабар дод, ҷасади духтарча рӯзи 13-уми сентябр дарёфт шудааст. Бино ба маълумоти ӯ, ҷасади духтарча дар яке аз […]

Мавзуна Абдуллоева



Ҷасади Осияи панҷсола, ки рӯзи 8-уми август дар шаҳри Душанбе бедарак шуда буд, дар ноҳияи Ҳисор дарёфт шуд. Сабабҳои марги ӯ аз натиҷаҳои ташхиси судиву тиббӣ маълум хоҳанд шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи ВКД Тоҷикистон Алиҷон Савров хабар дод, ҷасади духтарча рӯзи 13-уми сентябр дарёфт шудааст. Бино ба маълумоти ӯ, ҷасади духтарча дар яке аз ҷуйборҳои ноҳияи Ҳисор пайдо шуда, бинобар сабаби муддати тӯлонӣ дар зери об мондан вайрон шуда буд.

Радиои «Озодӣ» бо такя ба гуфтаҳои яке аз наздикони духтарча иттилоъ медиҳад, ки дар бораи дар дохили ҷӯйбор пайдо шудани ҷасади Осия зане, ки назди ҷуйбор иқомат дошт, хабар додааст. Ба гуфтаи наздикони Осия, пас аз ташхис кормандони милиса ҷасади духтарчарон ба онҳо додаанд ва рӯзи 14-уми сентябр ӯро ба хок супурдаанд.

Осия дар ҳуҷҷатҳои расмиаш бо номи Сабоҳат Диловарова сабт шуда, рӯзи 8 августи соли ҷорӣ аз назди хонаашон дар кӯчаи Айнӣ, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе, бедарак шуд. Духтарча бо модараш дар бинои манзили зисте иқомат дошт, ки моҳи марти соли гузашта хоҳарони гумшуда Малика ва Сабина Араловаҳо зиндагӣ мекарданд.

Бинои манзили зисте, ки аз он се нафар кӯдакон гум шуданд, ба КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тааалуқ дорад. Ҳавлии бино бо панҷара пӯшонида шуда, бедаракшавии духтарон аз ин ҳавлӣ натанҳо сокинони бино, балки тамоми шаҳри Душанберо нигарон кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.