Дар Душанбе конфронси «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон» доир мешавад

Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон» дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» баргузор мешавад. Созмондиҳандагони конфронс Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак», Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии […]



Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Душанбе конфронси байнулмилалӣ таҳти унвони «Пешгирии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон» дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Барҳамдиҳии тадриҷии зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаи Тоҷикистон» баргузор мешавад.

Созмондиҳандагони конфронс Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи кӯдак», Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо дар Осиёи Марказӣ (PRI) ва Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак мебошанд.

Бино ба натоиҷи мониторинги муштараки ҳуқуқҳои кӯдак, ки Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ, PRI ва Маркази ҳуқуқи кӯдак гузаронидаанд, зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти ҳалталаб аст. Дар баробари мусоидат ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, лоиҳа ба он равона шудааст, ки дар навбати аввал истифодаи ҳабси ҷудогонаи кӯдакон дар муассисаҳои пӯшида қатъ гардида, ба нигаҳдории якҷои кӯдакону калонсолон роҳ дода нашавад.


Тибқи иттилои Маркази ҳуқуқи кӯдак,


 д

ар ҷараёни конфронс коршиносон аз Норвегия, Бритониёи Кабир, Қазоқистон ва Қирғизистон мушоҳидаҳои худро оид ба вазъи муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона иброз дошта, ҳамчунин дар мавриди беҳбуд ва такмили низоми танбеҳҳои интизомӣ нисбат ба кӯдакон тавсияҳо пешниҳод мекунанд.

Дар доираи лоиҳа меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба қонунгузории миллӣ ворид гардида, ба кӯдаконе, ки дар вазъи душвори зиндагӣ қарор доранд, кӯмаки ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад, ҳамчунин барномаҳои таълимӣ барои кормандони муассисаҳои пӯшидаи кӯдакона роҳандозӣ шуда, барномаи тавонбахшии равонии кӯдаконе, ки аз хушунату зӯроварӣ осеб дидаанд, таҳия мегардад.

Имрӯз дар Тоҷикистон кӯдаконе, ки ба ҳуқуқвайронкунӣ роҳ додаанд, дар муассисаи тарбиявӣ, муассисаи занона, Мактаби махсуси ҷумҳуриявии №1 барои кӯдакони рафторашон ғайримаъмулӣ, инчунин Литсеи ҷумҳуриявии касбию техникии №1 нигаҳдорӣ мешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.