Тоҷикистониён боз 2-3 моҳ «Кохи Наврӯз»-ро тамошо карда наметавонанд

Шаҳрвандони кишвар муддати боз ду-се моҳи дигар наметавонанд аз «Кохи Наврӯз», ки дар он рӯзҳои 11-12-уми сентябр чорабиниҳои нишасти СҲШ доир гардиданд, боздид намоянд. Кормандони милисаи посбони бино ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки ояндаи наздик дар ин ҷо боз як қатор чорабиниҳои сатҳи давлатӣ баргузор мешавад ва сипас он барои тамошои шаҳрвандон […]

ASIA-Plus



Шаҳрвандони кишвар муддати боз ду-се моҳи дигар наметавонанд аз «Кохи Наврӯз», ки дар он рӯзҳои 11-12-уми сентябр чорабиниҳои нишасти СҲШ доир гардиданд, боздид намоянд.

Кормандони милисаи посбони бино ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки ояндаи наздик дар ин ҷо боз як қатор чорабиниҳои сатҳи давлатӣ баргузор мешавад ва сипас он барои тамошои шаҳрвандон дастрас хоҳад буд.

«Кохи Наврӯз» аз 12 толор иборат аст. Дар ин ҷо супермаркет, толори саққобозӣ (билярд), диско-клуб, кинотеатр, толори фарҳангӣ, толори қабулу зиёфат, толори сангӣ бо кандакорӣ, толори гаҷкорӣ бо оинаҳо ва ду толори қабули меҳмонони воломақом ҷойгир аст. Кох дар як вақт метавонад 3 ҳазору 200 нафар меҳмононро қабул кунад.

Корҳои ороишоти кох аз ҷониби устоҳои маҳаллӣ бо услуби миллӣ анҷом дода шуда, атрофи кохро боғи сарсабз иҳота мекунад. Баландии бинои марказӣ 46 метр буда, майдони умумии «Кохи Наврӯз» ҳудуди се гектарро ташкил медиҳад.

Нахуст ифтитоҳи «Кохи Наврӯз» соли 2012 ба нақша гирифта шуда, ҳамчун чойхона лоиҳакашӣ шуда буд, ки бояд дар минтақа чойхонаи бузургтарин маҳсуб меёфт.

Дар ҳамин ҳол, дар сохторҳои расмии дахлдор алҳол гуфта наметавонанд, ки акнун ин иншоот чӣ гуна мақом мегираду кай сокинони кишвар аз тамошои он баҳра бурда метавонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.