Интиқоли ҷасади тоҷики дар Солнечногорск кушташуда ба ватан

Бо супориши сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ва Хадамоти консулгарии Тоҷикистон бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои ҷараёни тафтиши марги шаҳрванди Тоҷикистон Фаррух Ӯрозов ба шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав раҳсипор шуданд. Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба […]

ASIA-Plus



Бо супориши сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия, рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда кормандони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия ва Хадамоти консулгарии Тоҷикистон бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои ҷараёни тафтиши

марги шаҳрванди Тоҷикистон

Фаррух Ӯрозов ба шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав раҳсипор шуданд.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ бо намояндаи Сарраёсати Кумитаи тафтишот дар вилояти Маскав Тимур Николенко маълум шудааст, ки аз рӯи далели марги Ф.Ӯрозов парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

«Ба гуфтаи Т.Николенко, мақомоти тафтишот тамоми ҳолатҳои парвандаро воқеъбинона ва саҳеҳу дақиқ мавриди таҳқиқ қарор дода, ҳама ташхисхои зарурии судиву тиббӣ гузаронида шудааст», – иброз дошт котиби матбуотӣ.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда ҷасади Фаррух Ӯрозов тариқи хатсайри шомгоҳии ҳапвоӣ ба ватан интиқол дода шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.