Дар Хатлон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар ба ҳалокат расиданд

Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар фавтида, се нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд. Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии (БДА ВКД) ҶТ хабар доданд, ки шоми дирӯз ронандаи автомашинаи сабукрави навъи ВАЗ-469 Насруддин Шарифов ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Ховалинг аз ӯҳдаи […]

Валентина Кондрашова



Душанбе. 10-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Дар ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон бар асари садамаи нақлиётӣ се нафар фавтида, се нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд.






Аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии (БДА ВКД) ҶТ хабар доданд, ки шоми дирӯз ронандаи автомашинаи сабукрави навъи ВАЗ-469 Насруддин Шарифов ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Ховалинг аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромадааст ва он чаппа гаштааст.





«Дар натиҷа ронанда ва ду мусофир дар ҷои ҳодиса ҳалок гашта, се мусофири дигар бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ ба беморхона бурда шуданд», – афзуд манбаъ.





Мувофиқи маълумоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 6 ҳодисаи садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 5 нафар ба ҳалокат расида, 11 нафар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.