Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон лоиҳаҳои алтернативии такмили қонунҳо дар бораи интихоботро дастгирӣ карданд

Душанбе. 8-уми июл. ОИ « Азия-Плюс » – Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон лоиҳаҳои алтернативии такмили Қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи Бунёди байнулмилалии низомҳои интихоботӣ (IFES)   таҳти унвони «Мусоидати касбӣ дар баргузорӣ ва ислоҳоти интихобот дар […]

Далер Ғуфронов



Душанбе. 8-уми июл. ОИ


«


Азия-Плюс


» – Аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон лоиҳаҳои алтернативии такмили Қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва Қонуни ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ»-ро, ки дар чаҳорчӯбаи барномаи Бунёди байнулмилалии низомҳои интихоботӣ (IFES)

 

таҳти унвони «Мусоидати касбӣ дар баргузорӣ ва ислоҳоти интихобот дар ҶТ» таҳияву омода гардида буданд, дастгирӣ карданд.






Ба санадҳо намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҶТ, Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон, Ҳизби Демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон имзо гузоштанд.





Ҳамчунин намояндаи Ассотсиатсияи миллии сиёсатмадорони Тоҷикистон низ лоиҳаҳоро имзо кард.





Дар маросими ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо намояндагони ваколатдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳузур надоштанд.





Интизор меравад, ки лоиҳаҳои алтернативии мазкур моҳи октябр расман ба парлумон равона карда мешаванд. Рӯзҳои наздик нусхаҳои лоиҳаҳоро ният доранд, ба Дастгоҳи иҷроияи президенти ҶТ низ ирсол кунанд.





Ёдрас мекунем, ки лоиҳаҳо дар муддати як моҳ аз ҷониби гурӯҳи махсуси кории ҳизбҳои расман амалкунандаи ҶТ бо дастгирии IFES таҳия гашта буданд.

 




Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.