Коршинос: Тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ ба нафъи паҳнкунандагони овозаҳо аст

– Андешидани тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ дар робита ба маълумоти дар Душанбе баргузор шудани гирдиҳамойии ғайриқонунии зиддиҳукуматӣ ба нафъи паҳнкунандагони овозаҳо аст, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов. Ба андешаи ӯ, сохторҳои сершумори давлатӣ шурӯъ аз дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, ҳукумат, парлумон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, мақомоти амният […]

Аваз Юлдошев



– Андешидани тадбирҳои бесобиқаи амниятӣ дар робита ба маълумоти дар Душанбе баргузор шудани гирдиҳамойии ғайриқонунии зиддиҳукуматӣ ба нафъи паҳнкунандагони овозаҳо аст, – иброз дошт ба «Азия-Плюс» доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов.

Ба андешаи ӯ, сохторҳои сершумори давлатӣ шурӯъ аз дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат, ҳукумат, парлумон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, мақомоти амният бояд донанд, ки кадом гурӯҳи аҳолӣ метавонад ба даъватҳо ба гирдиҳамойӣ ҷонибдорӣ намояд, рейтинги «Гурӯҳи 24» дар кишвар чӣ гуна аст, кадом гурӯҳи намояндагони ҷомеаи тоҷик метавонанд аз пайи паҳнкунандагони овозаҳо раванд.

«Алҳол ҳукуматдорони кишвар ва сохторҳои қудратӣ комилан наметавонанд интиқод ё эродҳоро қабул намоянд ва овозаҳо дар бораи гирдиҳамойӣ нишон дод, ки дар чунин вазъиятҳо онҳо тадбирҳои дурусту муассир андешида наметавонанд», – гуфт Ҳакимов.

Ҳуқуқшинос зикр кард, ки таҳлилгари оқилу сиёсатмадори дурандеш ба хубӣ медонад, ки дар воқеъияти имрӯзаи Тоҷикистон ҳеҷ кадоме аз аҳзоби сиёсии ба таври қонунӣ амалкунанда ва ҳеҷ яке аз сиёсатмадори ҷиддӣ ба ноамн гаштани вазъ манфиатдор нест ва таваҷҷуҳи созмонҳои бонуфузи байнулмилалӣ, ки хоҳиши дар Тоҷикистон мавқеъи худро пайдо кардан доранд, имрӯз ба рӯйдодҳо дар Шарқи Наздик, Укараина ва Афғонистон мутамарказ шудаанд.

«Агар ҳукуматдорони Тоҷикистон овозаҳо дар бораи баргузории гирдиҳамойии эътирозии ғайриқонунӣ дар Душанберо ҷиддӣ қабул карда бошанд, пас онҳоро мебояд бобати сиёсати роҳандозикардаашон сари андеша раванд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.