Э.Раҳмон ба сохтмони нерӯгоҳи барқии «Себзор» дар ВМКБ ҳусни оғоз мебахшад

Зимни сафари навбатии президенти мамлакат ба ВМКБ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» ҳусни оғоз бахшида мешавад. Бино ба иттилои нашрияи «Импульс» бо истинод ба шабакаи телевизиони «Бадахшон», чанд рӯз қабл раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз макони барои сохтмони нерӯгоҳ пешбинишуда боздид намудааст. Нерӯгоҳи барқии нав бо иқтидори лоиҳавии 12 МВт дар ҷамоати Мирсаид Миршакар, […]



Зимни сафари навбатии президенти мамлакат ба ВМКБ ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» ҳусни оғоз бахшида мешавад.

Бино ба иттилои нашрияи «Импульс» бо истинод ба шабакаи телевизиони «Бадахшон», чанд рӯз қабл раиси вилоят Шодихон Ҷамшед аз макони барои сохтмони нерӯгоҳ пешбинишуда боздид намудааст.

Нерӯгоҳи барқии нав бо иқтидори лоиҳавии 12 МВт дар ҷамоати Мирсаид Миршакар, дар мавзеи Себзор, воқеъ дар 15 километрии шаҳри Хоруғ сохта мешавад.

Раиси вилоят изҳор намудааст, ки зимни анҷоми корҳои омодагӣ дар ин иншоот 100 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин карда шуда, бо оғози корҳои асосии сохтмон шумори онҳо то 200 нафар мерасад.

Қобили зикр аст, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳи оби барқии «Себзор» ба таъмини сохтмони Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо нерӯи барқ ва ҳамчнуин таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ имкон фароҳам оварда мешавад.

Ҳамин моҳ сфаари Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар назар буда, ӯ аз ноҳияҳои Ванҷ, дараи Бартанг ва шаҳри Хоруғ боздид хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.