Мусодираи ҳудуди 20 кило героин аз шаҳрванди Афғонистон дар Душанбе

Санаи 9-уми октябри соли равон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бозмуҳаммад Сафари 27-сола, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтуков аз дохили борхалтаи ӯ 20-адад бастаҳои маводи […]



Санаи 9-уми октябри соли равон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Бозмуҳаммад Сафари 27-сола, истиқоматкунандаи ш.Душанбе, ба гумони даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар вақти кофтуков аз дохили борхалтаи ӯ 20-адад бастаҳои маводи рангашон сафед бо бӯйи махсус дошта дарёфт карда шуд.

Гуфта мешавад, мувофиқи маълумотномаи мутахассисон муайян карда шуд, ки маводи мазкур маводи нашъадори сахттаъсири «героин» буда, вазнаш 19 килою 488 граммро ташкил медиҳад.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.