Аз шоми дирӯз ирсоли смс-паёмак тариқи ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ғайриимкон аст. Дар ин бора корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ низ хабар медиҳанд.
«Азия-Плюс» ба сифати муштарӣ ба ширкатҳои мобилии TCell, MegaFon, Babilon ва Beeline муроҷиат намуда, сабаби қатъи ин хизматгузориро ҷӯё шуд.
Аз маркази хизматгузории TCell хабар доданд, ки воқеъан ҳам ин хизматгузорӣ феълан қатъ шудаааст, зеро мушкилоти фанние мавҷуд аст, ки ба онҳо вобаста нест. «Мо алҳол гуфта наметавонем, ки ин хизматгузорӣ кай барқарор мешавад», – гуфтанд дар ширкат.
Дар MegaFon аз кор накардани хизматгузории смс-паёмак изҳори тааҷҷуб намуда, масъули ширкат зикр кард, ки маълумоти моро қабул кард, то ки сабаби онро муайян созад.
Дар Beeline посух доданд, ки айни замон пайи ошкор кардани мавҷуд набудани имкони ирроли смс-паёмакҳо ҳастанд. Бо дигар ширкатҳои мобилии кишвар тамос гирифтан муяссар нагардид.
Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми октябр ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон дар бораи қатъ шудани дастрасӣ ба ҳудуди 300 торнамо ва порталҳои расонаӣ, аз ҷумла Vkontakte, Youtube ва Facebook хабар доданд.
Дар ҳамин ҳол, аз рӯзи 7-уми октябр дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шабакаи интернет
комилан дастнорас аст
. Бино ба иттилои хабарнигорони «Азия-Плюс» аз шаҳри Хуҷанд, чанде қабл онҳо ба интернети пайвастшавӣ тариқи сим дастрасӣ доштаанд, вале ин алоқа низ қатъ шудааст.
Дар робита ба ин намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба
таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет
даъват кард.








