Вохӯрии вазири корҳои хориҷӣ бо сафири Австрия



Чанде қабл мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафири Ҷумҳурии Австрия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Волфганг Баняй баргузор гашт.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, гидроэнергетика ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат ҳамчунин оид ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ табодули назари судманд сурат гирифт. 

Зимнан зикр мегардад, ки сафири Австрия талошҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар баланд арзёбӣ намуд.

spot_imgspot_img

Популярное